БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МИЛЛАТИ СОЛИМ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ АСТ

БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маркази солимии репродуктивӣ” бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Асадуллозода Ватан, Саидов Илҳом маҷлиси ҳизбӣ  доир гардид.

Нахуст Асадуллозода Ватан мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар доир ба Барнома ва ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, мавқеи имрӯзаи ҳизбдар ҷомеаи муосир, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар ва дигар мавзӯъҳои мубрами рӯз ибрози ақида кард. Мавсуф дар идомаи суҳбат иброз дошт, ки  обрӯ ва нуфузи ҳар ҳизб ба фаъолияти созанда бо нақшу мавқеи ҳар як узви он вабастагӣ дорад. ҲХДТ,  ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат таъсис ёфтаву дар ин давра бо ташаббусу пешниҳодҳои созандаву муҳими худ миёни омма ҳамчун ҳизби созандаву пешоҳанг обрӯ пайдо намудаст. Аз ин рӯ, таърихи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таърихи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тавъам буда, дастовардҳои даврони Истиқлолият ба номи ин ё он номи аъзои ҳизб муносиб донистан мумкин аст. Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Зарифова Гулбаҳор суханронӣ намуда, ҷонибдории кормандон ва аъзои ҲХДТ-ро  аз ташаббусу пешниҳодҳои Раиси муаззами ҲХДТ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба татбиқи сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат баён дошт.

Сипас, ба чанд нафар аъзои нави ташкилоти ибтидоии мазкур шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg