Н.ХУСРАВ. Гурӯҳҳои кории назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав, бо мақсади ба сокинон фаҳмонидани сарфакорона истифода бурдани неруи барқ, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва сокинони деҳот суҳбату вохӯриҳо баргузор намуда истодаанд.
Дирӯз аъзои гурӯҳи корӣ дар Ҷамоати деҳоти Истиқлол бо мақсади шарҳу тавзеҳи муҳтавои Муроҷиатномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати «Барқи Тоҷик» бо усули «хона ба хона» корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, аз сокинон даъват ба амал оварданд, ки дар истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, роҳ надодан ба талафоти зиёди неруи барқ, пардохти саривақтии маблағи он, истифодаи лампаҳои каммасраф, бештар истифода намудани намудҳои сӯзишвориҳо, аз ҷумла ҳезум, ангишт, гази табиӣ ҳангоми пухтани хӯрок ва гарм кардани манзили истиқоматӣ вобаста ба беҳтар гузаронидани мавсими зимистони дарпешистода масъулияти шаҳрвандӣ зоҳир намоянд.
Инчунин, тартиби озмуни вилоятии «Беҳтарин сарфакори барқ» ба таври мушаххас фаҳмонида шуда, иштирокодоронро барои ғолиб омадан дар озмуни мазкур раҳнамоӣ гардиданд.