Н.ХУСРАВ. Оид ба ҷамъбасти солонаи фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ ва вазифаҳо барои соли 2021 дар ташкилотҳои ибтидоии “Беморхонаи марказӣ” ва “Шифо”-и ноҳияи Носири Хусрав маҷлиси ҷамъбастӣ дар соли 2020 ва вазифаҳо барои соли 2021 баргузор гардид.
Дар ҷаласаҳо оид ба фаъолияти яксолаи ҳизбиёни ташкилот, раисонии ташкилоти ибтидоии аз фаъолияти ташкилот ва иҷрои супоришҳои мақомоти болоӣ, корҳои ба сомон расонидаи ташкилот ва пешравию камбудиҳои ҷойдошта, инчунин таҳкими ҳаракати аъзои ҳизби ташкилоти ибтидоӣ, беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ ахборот пешниҳод намуданд.
Сипас, нақшаи кории ташкилот барои соли 2021 муҳокима ва тасдиқ карда шуда, дигар масъалаҳои муҳими рӯз мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.