ДАНҒАРА. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар якҷоягӣ бо намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” бо мақсади баргузории суҳбату вохӯрӣ атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии деҳаи “Навобод”-и Ҷамоати деҳоти Себистон хониши сиёсӣ баргузор карданд.