БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РОҲҲОИ МАҲАЛ БО КӮМАКИ ҲИЗБИЁН ОБОД МЕГАРДАНД

ПАНҶ. Дар доираи Соли баланд бардошатани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар доираи татбиқи амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!»  бо аъзо ва ҷонибдорони ташкилоти ибтидоии «Нуробод»-и Ҷамоати деҳоти Кабут Сайфутдинов мулоқот роҳандозӣ гардид. Масъулони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ зимни суханронӣ назди иштирокдорон оид ба  ҳадафу мароми роҳандозии аксияи мазкур ибрози назар намуда, қайд карданд, ки бо ин роҳ  саҳми бештари мардумро ҷиҳати ободонӣ ва рушди деҳот таъмин мегардад, яъне ба хотири беҳтар гардидани инфрасохтори деҳот нигаронида шудааст.

Дар ҷараёни вохӯрӣ раиси ташкилоти ибтидоии мазкур  Нозифшо Неъмонов иброз дошт, ки маҳз дар доираи роҳандозии чунин корҳои ободонию созандагӣ дар деҳот роҳҳои дохили маҳаллаҳо сангфарш гардиданд. Ҳамчунин қайд намуд, ки дар оянда низ дигар корҳои ободониро идома хоҳанд дод.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg