БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХИЗМАТ БА ВАТАН-МОДАР РИСОЛАТИ БУЗУРГ АСТ!

Ш.ШОҲИН. Дар бораи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар деҳаи Хоҷағалтон ва Кӯҳдомани Ҷамоати деҳоти Шӯрообод  бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ хониши сиёсӣ гузаронида шуд.   

Масъулон ҷиҳати ба дарки ҳамагон расонидани моҳияи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  мулоҳизаронӣ карда, падару модарон ва омӯзгоронро таъкид намуданд, ки фарзандонро дар  рӯҳияи ватандӯстию  хештаншиносӣ бояд  тарбия намоем, чунки  ояндаи давлату миллати мо аз насли наврасу ҷавон  вобастагии калон дорад.

Инчунин, гуфта шуд, ки мо дар давраи сафарбарии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Волидайнн бояд барои ихтиёран ба хизмати Ватан-Модар  рафтани фарзандони худ  мусоидат намоянд, зеро хизмат барои Ватану давлати хеш қарзи ҳар як ҷавони бонангу номуси кишвар мебошад.

Баъдан чанде аз иштирокдорон  баромад намуда, масъулинро бовар кунониданд, ки ҳамеша хонандагонро дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ ва хизмати софдилона ба Ватани маҳбубамон -Тоҷикистон тарбия хоҳанд кард.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg