
ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Меҳрвар”-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ оид ба интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ ва пешбарии вакилон ба конференсияи ҳизбии ноҳия маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ бо иштироки масъулони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ баргузор гардид.
Раиси ташкилоти ибтидоӣ оид ба фаъолияти ташкилот дар давраи соли 2017 то 2019 ҳисобот дода, таъкид кард, ки дар давоми 2 соли охир ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ тавонист мардумро ба корҳои созандагию бунёдкорӣ муттаҳид сохта, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ-ро ба мардум ба таври густурда расонад. Инчунин, дар кумаки табақаҳои ниёзманд, ҳалли мушкилоти деҳот аъзои ташкилот фаъол буданд.