БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР ТАЪМИНИ ШАФФОФИЯТИ ИНТИХОБОТ МАСЪУЛЕМ!

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.   Маҷлиси  ҳисоботӣ –интихоботӣ   дар ташкилоти  ибтидоии  “Шабакаҳои  барқ”-и ноҳия Носири  Хусрав  доир  гардид.

Раиси  ташкилоти  ибтидоӣ оида ба  фаъолият дар давраи ҳисоботӣ маълумот  дода, дар ин баробар аъзо раиси ташкилотро интихоб карданд.  Ҳамчунин, дар идома   вакилон ба Конференсияи  навбатиии ноҳиявӣ  интихоб ва  пешниҳод  гардиданд.

Дар  баргузории   маҷлиси  ҳисоботӣ-интихоботӣ  масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ иштирок  намуда,  ҷиҳати  вусъат  бахшидани корҳои тарғиботӣ  ва  омодагӣ  ба маъракаи  муҳими  сиёсӣ- интихоботи  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва маҷлисҳои  маҳаллии вакилони  халқро  фаҳмонида,  вазифаҳои  ташкилотҳои ибтидоиро дар  ин  самт муайяну  мушаххас  баён карданд.   Таъкид шуд, ки  барои  дар  сатҳи баланди  сиёсӣ,  шаффофу  демократӣ  аз  ҳоло  заминаи мусоид фароҳам овардан  муҳимтарин  вазифаи  ҳизбиён  мебошад.

Дар охир   оид ба  масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул  шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg