
А.ҶОМӢ. Дар бораи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.
Бо мақсади ба дарки ҷомеа расонидани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ дар маҳаллаи «Бӯстон»-и Ҷамоати деҳоти “Дӯстӣ”-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ вохӯрии навбатии роҳбарияти Кумитаи иҷроия ноҳиявии ҳизб бо ҷалби вакилони маҳаллӣ, иштироки васеъи қишрҳои гуногуни ҷомеа, алалхусус ҷавонон баргузор гардид.
Масъулини кумита зимни суханронӣ доир ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум аз хатари терроризму экстремизм ва пешгирии роҳҳои ҷалби шаҳрвандон ба ташкилотҳои экстремистиву террористӣ, пешгирӣ аз хатари ҳизбу ҳаракатҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнӯъ, аз байн бурдани таассуби динӣ ва хурофот, пешгирӣ аз бегонапарастиву майл ба фарҳанги бегона ва оқибатҳои манфии он ба ҳуввияту асолати миллӣ, ва дигар масъалаҳо андешаронӣ намуда ҳамагон аз ин вохӯрии судманд таассуроти нек бардошанд.