БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАФАККУРИ ИФРОТГАРОИИ ДИНӢ ВА ХАТАРИ ОН

ФАРХОР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Мулоқоти навбатии намояндагони ҳизбӣ дар  ташкилоти ибтидоии «Кишоварзон»-и деҳаи Тоҷикистони Ҷамоати деҳоти Ғалабаи ноҳияи Фархор баргузор гардид.

Дар мулоқот масъулин иброз доштанд, ки тафаккури ифротгароӣ, гурӯҳҳои ифротгароии динӣ ва созмонҳои террористӣ ҳамчун як хатари бузурги минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, имрӯз амният ва мавҷудияти аксари кишварҳои мусулмоннишинро зери таҳдиди ҷиддӣ қарор додаанд. Таҳдиди ин зуҳуроти харобиовар акнун аз сатҳи миллӣ ва минтақавӣ фаротар рафта, хусусияти глобалӣ ё умумиҷаҳонӣ гирифтааст. Раванди ба гурӯҳҳои ифротӣ пайвастани ҷавонон дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон, бахусус дар кишвари мо нишон медиҳад, ки насли нави ифротгароии динӣ, хусусан, пайравони гурӯҳи террористии ба ном Давлати исломӣ роҳҳои наву пуртаъсири таблиғу ташвиқи андешаҳои худро дар байни ҷавонон ба роҳ мондаанд. Мушкилии аслии ҷавонони ноогоҳи кишварҳои мусулмоннишин ин аст, ки онҳо аз идеологияи аслии ифротгароёни динӣ, бахусус, аз гурӯҳҳои террористӣ иттилоъ надоранд ва бо фиребу найрангҳои онҳо содалавҳона дода мешаванд. Ҳол он ки идеологияи аслии ифротгароёни динӣ пеш аз ҳама бар зиддӣ идеологияи мо, Ватани мо, Истиқлолияти мо, мардуми мо ва ҳар як нафари мо равона шудааст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg