БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРРУПСИЯ ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБУ ХАТАРЗОИ ҶОМЕ АСТ

ҶАЙҲУН.  Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Хайём»-и ноҳияи Ҷайҳун чорабинии ҳизбӣ ҷиҳати расонидани моҳияти самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ доир гардид.

Дар  мулоқот масъулин  яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,  мубориза бар зидди зуҳуроти номатлуби ҷомеа-коррупсияро мавриди баррасӣ қарор доданд. Иброз шуд, ки  оқибати амалҳои коррупсионӣ ба паст шудани обрӯи ҳар шахс ва паст гаштани эътибори ташкилоту идора мусоидат карда, бовариро нисбати давлат коста мегардонад.  

Қайд шуд, ки соли 2005 дар мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» қабул гардида, барои татбиқи он санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул карда шуданд.

Ҳамчунин дар  идома маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид. Дар маҷлис раиси ташкилоти ибтидоии болозикр вобаста ба фаъолияти ташкилот дар давраи ҳисоботӣ муфассал суханронӣ намуд.

Дар маҷлис раиси нави ташкилот интихоб гашта, вакил низ ба конфренсияи ноҳиявӣ пешбарӣ карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg