БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲИФЗУ ҲИМОЯИ ВАТАН – ВАЗИФАИ МУҚАДДАСИ МОСТ!

ДАНҒАРА. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар якҷоягӣ бо намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” бо мақсади баргузории суҳбату вохӯрӣ атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии деҳаи “Навобод”-и Ҷамоати деҳоти Себистон  хониши  сиёсӣ баргузор карданд.

Роҳбарияти Кумитаи иҷроия оид ба арзишҳои Истиқлолияти давлатӣ ва нақши таърихию умумиҷаҳонии он, пешгирии бемориҳои сироятӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу равияҳои бегона ва тундгаро, рушди касбияти мутахассисон ва омӯзиши донишҳои замони нав, хизмат дар сафи Артиши миллӣ ҳамчун бузургтарин мактаби шуҷоату мардонагӣ, саҳмгузории дастаҷамъона дар корҳои созандагӣ, ободонӣ дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ёдовар шуда, таъкид кард, ки Тоҷикистон дар пайи талошҳои пайваста ва шабонарӯзии фарзандони фарзонааш чунин ободу зебо гардидааст ва  ҳифзу ҳимоя ва саҳмгузорӣ дар рушди минбаъдаи он дар назди ҳар як шаҳрванд масъулияти бузургеро мемонад.

Дар маҷлиси ҳисоботӣ-интихобӣ натиҷаи фаъолияти дуюнимсолаи ташкилоти ибтидоӣ  муҳокима  гардида, вакил ба конференсияи ноҳиявӣ интихоб карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg