КУШОНИЁН. Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кушониён дар ҳудуди шаҳраку деҳоти ноҳия ҷиҳати боз ҳам густариш бахшидани иртибот бо мардум ва ҷалби омма дар амалӣ намудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ бо сокинон мулоқоту вохӯриҳо баргузор намуда истодаанд.
КӮЛОБ. Тоҷикистон ба маҷрои нави созандагиву ободонӣ ворид ва ба пешрафти комил дар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, хоса дар соҳаи сайёҳӣ ноил гашт, ки ин бори дигар аз сиёсати созанда ва дурбинонаи Сарвари кишвар шаҳодат медиҳад.
ЁВОН. Иқдоми пешгирифтаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар бобати эълон намудани соли 2018 ҳамчун Соли тақвияти робита бо маҳал дар саросари ноҳияи Ёвон аз ҷониби мардум дастгирии ҳамаҷониба пайдо намуда истодааст.
ДӮСТӢ. Ба хотири паст намудани шиддати бекорӣ ва ҳарчи бештар ҷалб кардани сокинон бо шуғл ва корҳои хонагию ҳунарҳои мардумӣ, ки ин ҳама аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мебошанд, дар назди ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Нури Вахш” курси бозмӯзии дӯзандагӣ бо ҷалби занону бонувони хонашин аз тарафи соҳибкорзани фаъоли ҳизбӣ Шарофат Худойназарова ифтитоҳ ёфт.
ВОСЕЪ. Вобаста ба мавзӯъҳои самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ дар ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб хониши сиёсӣ баргузор гардид.
БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Дилшод » тибқи ҷадвали баргузории вохӯриҳо хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардида, ки дар он кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Раҷабализода Парвиз ва Асадуллозода Саймуҳамад иштирок ва андешаронӣ намуданд.
БАЛҶУВОН. Бо иқдоми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон дар деҳаи Чашмасойи ҷамоати деҳоти ба номи Сафар Амиршоеви ноҳия бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар партави Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизби таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” сохтмони бунгоҳи тиббии замонавӣ, дорои 6 утоқи корӣ бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ идома до
Ҷ.БАЛХӢ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ барои амалӣ намудани дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар ҳудуди маҳал чорабиниҳои рангини фарҳангиро баргузор намуда истодааст.
ПАНҶ. Ҳунар сармояи гаронест, ки онро бо ягон дороӣ иваз кардану харидан имконнопазир аст. Ҳунар инсонро бузургию шаҳомат бахшида, ӯро болидарӯҳ мегардонад. Ҳунар зиндагиро зебоӣ бахшида, тарбияи таҳаммул ва тоқатпазириро дар вуҷуди ҳар як инсони ҳунарманд бедор намуда, инкишоф медиҳад.
ЁВОН. Тибқи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо ва соатҳои сиёсӣ аз ҷониби намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар толори беморхонаи марказии ноҳияи Ёвон бо иштироки аҳли заҳмати беморхона соати сиёсӣ баргузор гардид.
БАРОИ ПЕШРАФТ ВА
САОДАТИ ХАЛҚИ
ТОҶИКИСТОН
Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
АМИТ Ховар
МИҲД вилояти Хатлон
вилояти Хатлон
735140 шаҳри Бохтар
кӯчаи. Айни №47
Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон
Email: info@hkhdtkhatlon.tj
viloyathkhdtkhatlon@mail.ru
Tel: (83222) 2-94-19 Fax: (83222) 2-12-12