ҲАМАДОНӢ. Дар асоси ҷадвали баргузории соатҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва вохӯриву мулоқот дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ барои нимсолаи дуюми соли 2018 кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гадои Сайдалиев ва Фирӯз Пиров бо сокинони деҳаи Гулободи ҷамоати деҳоти Меҳнатобод вохӯрӣ гузарониданд.
Зимни баргузории вохӯрӣ масъулин дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, аз ҷумла огоҳонидани сокинон аз паёмадҳои хатаровари фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ ва фаъол гардонидани аҳолӣ дар роҳи мубориза муханронӣ намуданд.
Сипас, масъулин аз намоиши ҳунарҳои мардамии деҳаи Гулобод дидан намуда, ба онҳо баҳои баланд доданд. Тавре таъкид гардид, рушди корҳои хонагӣ манбаи устувори ғанӣ гардидани буҷаи оилавӣ мебошад.