БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинон барои иштироки фаъолона дар аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” омодагии худро изҳор намуданд

ХОВАЛИНГ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг   аз рӯи ҷадвал дар деҳаи Сангрезгии ҷамоати деҳоти ба номи Лоҳутӣ оид ба  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  вохӯрӣ доир намуданд. Дар он мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ҷамолиддин  Қаюмов баромад намуд.

Дар суҳбат бештар дар бораи хатари рӯз то рӯз афзояндаи терроризми хушунатомез сухан рафта, масъулин қайд намуданд, ки чанде пеш дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла хатару таҳдидҳои ба ҷомеадоштаи терроризм дар байни мардум муфассал сухан ронда, ҳамаро ба омодагӣ дар мубориза ба ин вабои аср даъват намуда будем.

 Рӯзи 29 июли соли равон ҳамагон шоҳиди он шудем, ки душманони миллат аъзои ҲНИ амали террористиеро ба воситаи ҷавонони ноогоҳ, бадкирдор, бадрафтор, ватанфурӯшу миллатфурӯш ба анҷом расониданд, ки тамоми мардуми кишвар, аз ҷумла сокинони диёри Ховалингро ба қаҳру ғазаб овард.   Онҳо ин амали хоинонаро, ки ба дасти ҷавонони кӯтоҳақлу кӯтоҳандеши тоҷик содир карда шуд ва он боиси бадномии миллати меҳмондӯсту меҳмоннавози тоҷику тоҷикистониён гардид, сахт маҳкум намуданд.  Мо дар ин вохӯрӣ бори дигар ин амалро маҳкум намуда, ба ташкилкунандагон  ТЭТ ҲНИ ва ДИИШ ба иҷрокунандагони он лаънат мехонем ва иброз медорем,  ки ягон амали террористӣ руҳияи моро дар роҳи ояндаи босаодат шикаста наметавонад.

Баъди ин ҳодиса мо боз ҳам бештар дар атрофи сиёсати Президенти кишвар ва Ҳукумати ҷумҳурӣ муттаҳид шуда, бар зидди душманони миллату  давлатамон беамон мубориза мебарем.

Иштирокдорони ҷамъомад ба ифтихори Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ намоиши ҳунарии ҳунармандони деҳаро ба намоиш гузоштанд, ки  хеле ҷолиб ва диданӣ буд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg