БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Вохӯрӣ ҷиҳати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ

ПАНҶ. Санаи 8 раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Файзиев Каримҷон дар толори муассисаи таҳсилоти умумии №2 бо кормандони корхонаву идораҳо, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, раисони маҳаллаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, вакилон ва фаъолони ҳизб вохӯрӣ доир намуд.

Дар меҳвари вохӯрӣ ҳодисаи нангини ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ дар ҷамоати Себистони ноҳияи Данғара  қарор гирифта буд. Зимни  баромадҳо  оиди терроризму экстремизм чун вабои аср суханронӣ гардида, аз ҷумла қайд шуд, ки ТЭТ ҲНИ ҷавонони бетаҷрибаро ба хоин табдил дода,  ин амали дар таърихи Тоҷикистон гушношунидро иҷро намуданд. Террористон ба хотири мақсадҳои нопоки худ обрӯи сиёсии кишварро ба нишон гирифтанд. Хиёнат ба Ватанро дар ҳеҷ давру замон ва ҳеҷ макон набахшидаанду намебахшанд ва илова бар ин террорист- ҷинояткори хавфноктарин асту миллату Ватан надорад!  Ҳодисаи нангини рухдода тамоми мардуми кишварро ба изтироб оварда, аз тарафи ҷомеаи кишвар сахт маҳкум гардидааст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg