БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Аз азал мардуми тоҷик дорои урфу одат ва анъанаҳои нек буданд

Ҷ.БАЛХӢ. Дар маҳаллаи ба номи Гоголи ҷамоати шаҳраки Балхи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо сокинони маҳал оид ба фаҳмонидани самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ чорабинӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ занону бонувон ҳунарҳои дастии хешро ба маърази тамошо гузошта, аз ҷониби иштирокдорон ба хушнудӣ пазируфта шуданд.

Зимни баргузории  вохӯрӣ масъулин оид ба рушди ҳунарҳои мардумӣ ва корҳои хонагӣ баромад намуда, иброз доштанд, ки  имрӯзҳо Тоҷикистони соҳибистиқлоламонро бо забон, таърих, урфу одат ва ҳунарҳои мардумиаш  мешиносанд. Маҳз ҳаминро ба инобат гирифта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018-ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд.

Зимни чорабинӣ занону бонувони ҳунарманди маҳаллаи Гогол аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ хушнуду сарфароз буда, бо ҳавасмандӣ ҳунарҳои хешро тақвият дода истодаанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg