БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Фарҳанг ҳастии миллат ва пояи устувори давлат аст

ФАРХОР. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо аъзои ташкилоти ибтидоии «Фарҳанг» мулоқот доир намуд.

Дар ин мулоқот раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Назаров Алиҷон дар назди аҳли фарҳанг оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, озмунҳо, Аксияи тарғиботӣ –амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” ва Соли тақвияти робита бо маҳал андешаронӣ  намуд.

Мақсад аз баргузории хониши сиёсӣ суҳбат атрофи ҳадафҳои барномавию Оинномавии ҲХДТ, оид ба маҳкум намудани амали террористии анҷомшуда, аз ҷониби гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ бар зидди сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара, бештар огоҳонидани сокинон аз хавфу хатарҳои ташкилотҳои террористиву экстримистӣ ва баррасии моҳияти Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”  буд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg