БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Варзиш қосиди сулҳ ва пайвандгарӣ дӯстӣ байни ҷавонон

ВОСЕЪ. Бо мақсади муаррифии дастовардҳои варзишгарони кишвар, таърихи рушди варзиш дар замони соҳибистиқлолӣ ва ҷалби насли наврас ба ин соҳаи муҳим дар маҷмааи варзишии деҳаи Арали ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалӣ бахшида ба “Рӯзи варзишгарон” бо иштироки мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафархони Муҳаббат ва варзишгарони навраси ин деҳа вохӯрӣ доир гардид.

Зимнан Сафархони Муҳаббат варзишгарони ҷавонро бо Рӯзи варзишгарон табрик гуфта, қайд намуд, ки  дар қатори дигар соҳаҳо рушди варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб рафта, ба хотири оммавигардонии варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим дар байни наврасону ҷавонон ва тарбияи варзишгарони касбии тоҷик заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст.

Бинобар ин варзишгарони бонангу номуси ҷавонро зарур аст, ки Парчами Ватани азизамонро ба хотири сулҳу субот ва дастовардҳои бузург дар арсаи байналмилалӣ доим парафшон гардонида ба ин васила Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg