БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Варзиш – қосиди сулҳу ваҳдат аст!

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Варзиш” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ ва бахшида ба Рӯзи варзишгарон вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Варзиш”, мудири бахши ҷавонон ва варзиши минтақаи Кӯлоб Давлатов Зайниддин иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст, Валиева Саъбагул баромад намуда, қайд кард, ки ҳамчун анъана, санаи 10 август, дар кишвари соҳибистиқлоламон Рӯзи варзишгарон ботантана таҷлил мегардад. Мавсуф дар ин миён фарорасии ин санаи фархундаро ба кулли варзишгарон, собиқадорону мураббиён ва кормандони соҳаи варзиш табрику таҳният гуфта, барояшон саодати рӯзгор, тансиҳативу хонаободӣ, муваффақият ва дастовардҳои бузурги варзишӣ таманно намуд.

Дар навбати худ Давлатов Зайниддин қайд дошт, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Қосиди сулҳ ва воситаи беҳтарини муаррифии давлату миллат дар арсаи  байналмилалӣ” арзёбӣ гардидани варзиш ва дар назди мо гузошта шудани вазифа дар боби таҳияи нақшаи чорабиниҳо, сафарбарсозии ҳамаи имкониятҳо ба оммавигардонии варзиш то ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва рушди бемайлони варзиш руҳу илҳоми тоза бахшид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg