БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ташвиқу тарғиби самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ дар маҳал

ТЕМУРМАЛИК. Дар асоси ҷадвали Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик бо сокинони деҳаи Қиблаии ҷамоати деҳоти ба номи Лақай Қармишев дар мавзӯъи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ чорабинӣ баргузор карда шуд. Нахуст, намоиши ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби сокинони маҳалла ташкил карда шуда, сипас вобаста ба мавзӯъҳои мубрами рӯз мубодилаи афкор сурат гирифт.

Зимни мулоқот раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин, дар масъалаи амали ноҷавонмардонаи террористон нисбати сайёҳони хориҷӣ суханронӣ кард.

Доир ба суханронии Раҷабзода Маҳмадсаид сокинони деҳа Султонова Холдона ва Миракова Ҳанифа андешаҳои худро баён карданд.

Дар идома Раҷабзода Маҳмадсаид аз аҳли сокинони деҳа даъват намуд, ки таассуротҳои аз мулоқот бардоштаашонро дар байни ҳамдеҳагонашон ташвиқу тарғиб намоянд ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg