ФАРХОР. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» хониши сиёсӣ доир намуданд.
ТЕМУРМАЛИК. Дар асоси ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар ҳайати роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» Асомудинзода Садбарг ва мудири шуъбаи ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабов Ҷаҳонгир бо кормандони филиали Корхонаи воҳиди давлатии Тоҷиксуғурта дар ноҳия хониши сиёсӣ доир гардид.
ПАНҶ. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар ташкилоти ибтидоии «Маорифчиён» хониши сиёсӣ роҳандозӣ намуданд.
Дар рафти хониши сиёсӣ, ки қишри зиёии ҲХДТ даври ҳам омада буданд, амали муғризонаву нопоки наҳзатиёни террорист дар ноҳияи Данғараро маҳкум карданд.
МУЪМИНОБОД. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо кормандони Беморхонаи марказии ноҳияи Муъминобод хониши сиёсӣ доир кард.
ЛЕВАКАНТ. Вазифаи мо масъулони ҳизбї пеш аз ҳама дар он аст, ки бо ҷалби раисони ташкилотҳои ибтидоӣ ва фаъолони ҳизб, ки онҳо асоси татбиқкунандаи ғояҳои ҳизбии мо дар ҷамъият мебошанд суҳбату вохӯриҳоро доир намоем.
КУШОНИЁН. Намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар якҷояги бо Муассисаи давлатии мактаби варзишӣ ноҳия фаъолияти пурсамари худро ба роҳ монда, барои расидан ба ҳадафҳои созандаю бунёдкорона, тарбияи насли наврас дар руҳияи хештаншиносию худогоҳии миллӣ, ватандӯстӣ, баланд бардоштани обрӯ ва эътибори миллат ва давлати Тоҷикистон фаъолият менамоянд.
ҚУБОДИЁН. Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Соли тақвияти робита бо маҳал дар деҳаи Ҳаёти ҷамоати деҳоти Тахти Сангини ноҳияи Қубодиён тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо мақсади эҳтиром ба хотираи қурбониёни амали террористӣ, ки дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон анҷом дода шуд бо занони ҳунарманд вохӯрӣ баргузор гардид.
ДӮСТӢ. Бо мақсади аз байн бурдани таасуби динӣ ва хурофотпарастӣ бо ҳадафи солим нигоҳ доштани ҷомеа дар байни аҳолии деҳаи Ҷангалпарвари ҷамоати деҳоти Нури Вахши ноҳияи Дӯстӣ вохӯрии судманд баргузор гардид.
ДАНҒАРА. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар деҳаи Сафедсанги ҷамоати деҳоти Лоҳур ҳамоиш бо мақсади маҳкум намудани амалҳои ноҷавонмардонаи гуруҳҳои ифротӣ, ки ҷони чанд нафар сайёҳони хориҷиро дар шоҳроҳи ҳудуди ноҳияи Данғара рабуда буд, баргузор гардид.
ВОСЕЪ. Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Соли тақвияти робита бо маҳал ва дар самти амалишавии ҷадвали баргузории чорабиниҳо бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар деҳаи Гулгашти ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиев намоиши ҳунарҳои миллӣ баргузор гардид.
БАРОИ ПЕШРАФТ ВА
САОДАТИ ХАЛҚИ
ТОҶИКИСТОН
Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
АМИТ Ховар
МИҲД вилояти Хатлон
вилояти Хатлон
735140 шаҳри Бохтар
кӯчаи. Айни №47
Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон
Email: info@hkhdtkhatlon.tj
viloyathkhdtkhatlon@mail.ru
Tel: (83222) 2-94-19 Fax: (83222) 2-12-12