НОРАК. Тибқи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқотҳо, ки дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Норак тасдиқ шудааст, дар ташкилоти ибтидоии «Нурбахш»-и кӯчаи Шукрулло Шӯлашови шаҳри Норак вохӯрӣ доир гардид.
Н. ХУСРАВ. Намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳия тибқи нақшаи тасдиқгардида бо иштироки васеъи ҷавонони ҷамоати деҳоти Наврӯзи маҳаллаи Сангоба вохӯрӣ баргузор намуд.
МӮЪМИНОБОД. Дар деҳаи Марғаки ҷамоати деҳоти ба номи Н.Назарови ноҳияи Муъминобод бо тибқи ҷадвали баргузории мулоқот бо сокинони деҳа бахшида ба соли Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Соли тақвияти робита бо маҳал мулоқот баргузор гардид.
ЛЕВАКАНТ. Тибқи ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои шаҳри Левакант дар нимаи дуюми соли 2018 бо масъулини ташкилоти ибтидоии «Ориёнбонк» хониши сиёсӣ баргузор гардид.
КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи дил” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ вобаста ба маҳкумсозии амалҳои террористии ТТЭ ҲНИ вохӯрӣ баргузор гардид.
ДӮСТӢ. Дар деҳаи Найсони ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ озмуни ҳизбӣ таҳти унвони «Армуғони Хатлонӣ» бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ташкил ва баргузор гардид.
ДАНҒАРА.Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар деҳаи Остонаи ҷамоати деҳоти Лолазор хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.
ВОСЕЪ. Бо мақсади ҷалби мардум ба оммавигардонии чорабиниҳои фарҳангӣ, тарғиби ҳунарҳои мардумӣ, таваҷҷуҳи ҷавонону наврасон ба ҳунарҳои миллии ниёгон ва саҳм гузоштан дар пешрафти зиндагии осоишта дар деҳаи Восеободи хурди ҷамоати деҳоти ба номи Абдӣ Авазови ноҳияи Восеъ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо сокинони деҳа чорабинии фарҳангӣ-сиёсӣ баргузор гардид.
БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Беморхонаи шаҳр» тибқи ҷадвали баргузории хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардида, дар он намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Наҷидуллоев Тавакал ва мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуот Ализода Одил иштирок намуданд.
БАЛҶУВОН. Бо ташаббуси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон бо кормандони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ҷамоати деҳоти Балҷувони ноҳия вобаста ба аксияи ҳизбии “Мактаб – даргоҳи маърифат” суҳбату вохӯрӣ баргузор гардида, масъулон ҷиҳат
БАРОИ ПЕШРАФТ ВА
САОДАТИ ХАЛҚИ
ТОҶИКИСТОН
Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
АМИТ Ховар
МИҲД вилояти Хатлон
вилояти Хатлон
735140 шаҳри Бохтар
кӯчаи. Айни №47
Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон
Email: info@hkhdtkhatlon.tj
viloyathkhdtkhatlon@mail.ru
Tel: (83222) 2-94-19 Fax: (83222) 2-12-12