БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар хона дар заминаи эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ

ҲАМАДОНӢ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дарноҳия Гадоӣ Сайдалиев ва Фирўз Пиров дар асоси ҷадвали баргузории чорабиниҳо барои нимсолаи дуюми соли 2018 бо сокинони деҳаи Пахтаободи ҷамоати деҳоти Даштигуло вохӯрӣ ба чорабинии  фарҳангӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ гузарониданд.

Зимни баргузории вохӯрӣ масъулин дар бораи соли 2018 эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин фаъол гардонидани аҳолӣ дар самти пешгирӣ аз бегонапарастию майл ба фарҳанги бегона ба мақсади ҳифзи ҳуввияту асолати миллӣ, Соли тақвияти робита бо маҳал ва озмунҳои ҳизбӣ таҳти унвонҳои «Беҳтарин муаррификунандаи мавеъҳои сайёҳӣ»,  «Тарроҳи беҳтарин», «Беҳтарин доиркунандаи  чорабиниҳо дар сатҳи маҳал» андешаронӣ карда, ҳунармандони чирадасти деҳаро барои  иштирок дар озмунҳои  ҳизбӣ даъват намуданд.

Баъдан  масъулин аз намошгоҳи  ҳунарҳои мардумӣ аз наздик шинос шуда, ба онҳо барои боз ҳам  ривоҷу  равнақ бахшидани соҳа ва  таъсис  додани  ҷойҳои нави корӣ дар хона  тавсияҳои судманд доданд.   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg