БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Терроризму экстремизм вабои асри муосир

НОРАК. Дар доираи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо дар нимсолаи дуюми соли ҷорӣ  дар ташкилотҳои ибтидоии “Рӯдакӣ-1”, ва “Ваҳдат”-и кӯчаи ба номи Ш.Юсупов, “Меҳргон”-и кӯчаи Калижнюкаи шаҳри Норак бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ ва вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр Ҳасанзода Шаҳло  чорабинии фарҳангӣ-ҳизбӣ  баргузор гардид. Дар чорабинӣ занону бонувон ҳунарҳои дастии хешро ба маърази тамошо гузошта, аз ҷониби иштирокдорон бо хушнудӣ пазируфта шуданд.

Зимни вохӯри Муслима Ғуриева оид ба рушди ҳунарҳои  мардумӣ ва корҳои хонагӣ баромад намуда,   қайд кард, ки  дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои зиндагии шоистаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикиситон нигаронида шудааст. Аз ин рӯ моро  мебояд, ки  баҳри иҷрои амали ин супопришҳо кӯшиш намоем, то ки зиндагии худро аз ҳаррӯза дида хубтару беҳтар созем.

Баъдан Ҳасанзода Шаҳло вобаста ба амалҳои бадхоҳонаи хоинони давлату миллат, ки ба хотири халалдор намдуани   суботу оромии кишвар анҷом дода истодаанд, андешаронӣ карда, аз хамагон барои аз даст надодани зиракии  сиёсӣ, ҳифзи  марзу буми кишвар, дастовардҳои бузурги соҳибистиқлолии кишвар даъват ба амал овард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg