![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20180827_153218.jpg?itok=F4LPb2Rq)
ФАРХОР. Дар асоси ҷадвали тасдиқгардида вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Гулистон» доир гардид.
Дар мулоқот масъулин оид самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суханронӣ намуданд. Муовини раис-мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Шаҳбози Искандар дар назди ҳозирин баромад намуда, ёдовар шуд, ки терроризму экстремизм падидаи нав нест, аммо солҳои охир ба вабои аср ва омили хушунату ваҳшат ва таҳдид ба амнияти ҳар як кишвар ва сокини сайёра табдил ёфтааст. Аз ин рӯ зарур аст ҷиҳати ҳифзи мафкураву маънавиёти ҷомеа ва бо ин мақсад мардумро аз хатарҳои терроризму экстремизм огоҳ сохта, корҳои фаҳмондадиҳиро миёни мардум пиёда созем.
Ҳамчунин, сармуҳаррири рӯзномаи ноҳиявии «Гулистон» Маҷидзода Абдулҳамид оид ба риояи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» суханронӣ намуда, аз ҷамъомадагон ҷиҳати аҳамияти зарурӣ додан дар таълиму тарбияи фарзанд даъват намуд.