БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Истиклолият дастоварди нодиртарин барои миллати тоҷик

ЛЕВАКАНТ. Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Табақчӣ»  бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Назарова Фароғат, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Валиев Суҳроб, мудири шуъбаи ташкилӣ ва бақайдгирӣ Шомудинова Шаҳло, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Табақчӣ» Ғуломов Назрулло, вакили аз ҳавзаи интихоботии №31 Изатуллоев Раҷаб  иштирок намуданд.

Вохӯриро Назарова Фароғат кушода, оид ба нуктаҳои асосии  Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суханронӣ намуда қайд кард, ки таърих гувоҳ аст санаи  9-уми сентябр рӯзи  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Дар ин руз Тоҷикистони азиз мустақил шуд ва акнун 27 сол мешавад, ки 9-уми сентябрро ҳамчун рӯзи таърихӣ ва сарнавиштсоз барои миллати тоҷик шинохта шуд ва хамасола бо як шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн мегиранд.

Дар охир аз тарафи  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант ба фаъолон ва ҷонибдороне, ки саҳми худро дар чорабинии фарҳангӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ гузоштанд, бо  Сипосномаҳои ҳизбӣ қадрдонӣ  карда шуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg