БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Амалишавии Аксияи Мактаб –даргоҳи маърифат

ҚУБОДИЁН. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён  дар партави  Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Мактаб –даргоҳи маърифат”  дар назди бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо мақсади дастгирии оилаҳои ниёзманди ҷомеа  дар арафаи соли нави хониш, ҳамчунин таҷлили сазовори ҷашни 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  якҷоягӣ  бо намояндагии  ТҶҶ “Созандагони Ватан” Аксияи ҳизбиро  роҳандозӣ карда шуд.

Дар аксияи мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  Шарифзода Маҳмадаюб  иштирок дошта,  ба 10 нафар мактаббачагон аз оилаҳои ниёзманд  сару либос ва лавозимоти хониш тақдим намуданд.

Иқдоми неки ҳизбиёнро волидайни  хонандагон давоми  ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дониста, бо шукргузорӣ аз фазои  сулҳу суботи кишвар   ба ташкилкунандагони Аксияи  ҳизбӣ таҳти унвони “Мактаб-даргоҳи  маърифат” изҳори миннатдорӣ баён намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg