БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳамдилӣ аз ҳамзабони беҳтар аст…

ЁВОН. Бо мақсади амалӣ намудани ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, эълон гардидани Соли тақвияти  робита бо маҳал аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва дар доираи Аксияҳои тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” дар деҳаи Қирғизободи ҷамоати деҳоти Обшорон чорабинии сиёсию фарҳангӣ баргузор гардид.

Дар маҳаллаи Қирғизобод мутобиқи ҳисоботҳои оморӣ 120 хоҷагӣ истиқомат мекунад, ки зиёда аз 80 хоҷагиро мардуми қирғиз ташкил медиҳад, ки аз солҳои пешин ба ноҳияи Ёвон кӯч баста, то ба имрӯз дар ин мавзеъ зиндагонӣ доранд. Мардуми қирғиз Тоҷикистонро Ватани аслии хеш ҳисобида, барои ободонии ин сарзамин кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Мардуми қирғиз дар асл ба зироаткорӣ машғул буда, бозори ноҳияро дар ҳама мавсими сол бо сабзавотҳои тару тоза таъмин менамоянд.

Занону бонувони ҳунарманду чирадасти қирғиз аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати эълони Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз нав эҳё намудани ҳунарҳои  қадима хушнуду сарфароз буда, бо як ҳавасмандӣ ҳунарҳои хешро тақвият дода истодаанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg