БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ташкилоти ибтидоии «Барқчиён» дар таъмини ҳадафи стратегии давлат фаъол аст!

ТЕМУРМАЛИК. Муҳтавои асосии суханронии раиси Кумитаи иҷроияи   ҲХДТ  дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид бо кормандону аъзои ташкилоти ибтидоии «Барқчиён» аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, истиқлолияти энергетикӣ, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ,  инчунин мубориза бар зидди терроризму экстремизм иборат буд.

Дар баробари ин қавитар гардонидани ташкилоти ибтидоии номбурда дар мадди аввали мулоқот меистод. Ба ҳамин хотир ба 16 нафар аъзои нави ҲХДТ  дар вазъияти тантанавӣ бо иштироки раиси ташкилоти ибтидоӣ Асомуддинов Зайниддин ва дигар собиқадорони ҲХДТ  билетҳои ҳизбӣ супорида шуд.

Ҳамин тариқ шумораи умумии аъзои ташкилоти ибтидоии «Барқчиён»  аз 21 нафар ба 37 нафар расид.

Дар ҷараёни вохӯрӣ вобаста ба суханронии Раҷабзода Маҳмадсаид аъзои ташкилот Асомуддинов Зайниддин ва Қуллаев Хуршед   андешаҳои худро оид ба  мавзӯъҳои бартаридоштаи фаъолияти ҲХДТ, истиқлолияти энергетикӣ ва дигар масъалаҳо баён намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg