БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҷоизаи Пешвои миллат муборак!

ПАНҶ. Дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 27 -умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла кормандони соҳаи илму маориф, фарҳангу тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва коргарону бинокорон, соҳибкорон, хизматчиёни давлатӣ ва сарбозону афсарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу сохторҳои низомӣ, барои дастовардҳои баланди истеҳсолию соҳибкорӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ, саҳми арзанда дар рушди илму фарҳанги мамлакат, таҳкими сулҳу дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни халқҳо, мукофотҳои давлатӣ, рутбаҳои баланди низомӣ ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супориданд. Ба яке аз чунин  ихтироъкори ҷавони соҳаи энергетика, насиби чунин мукофоти баланди давлатӣ сазовор гашт, ки ин ҳам Абдуллозода Рамазон Толибҷон мебошад.

Ин ҷавон дар маҳаллаи Заринкамари ҷамоати шаҳраки Панҷи ноҳияи Панҷ ба дунё омадааст. Баъди хатми муассисаи таълимӣ соли 2005 ҳуҷҷатҳои худро ба Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ супорида,  онро соли 2010 бомувафақият хатм намуд. Аз соли 2009 то 2010 лаборанти кафедраи “Электротаъминкунӣ” ва аз соли 2010 то 2013 ассистенти кафедраи мазкур кору фаъолият намудааст. Солҳои 2013 -2016 аспиранти шуъбаи рӯзонаи Донишгоҳи давлатии Урали Ҷанубии шаҳри Челябинскийи Федератсияи Россия таҳсили илм намуда, нозадии илмии худро ҳимоя карда, соҳиби унвони илмӣ гаштааст. Солҳои 2017-2018 муовини декани факултети Энергетикии ДДТ ба номи академик М.Осимӣ фаъолият намудааст. Айни ҳол иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи  “Ҳимояи релеи ва автоматика”-и донишгоҳи мазкур мебошад. Дар ояндаи наздик баҳри иҷрои рисолаи доктории худ  кӯшиш дорад. Ба ин ҷавони некбину меҳанпараст дар амалӣ шудани яке аз ҳадафҳои созандаи  ҲХДТ “Истиқлолияти энергетики кишвар “ ва ҳама орзуҳояш барору комёбӣ таманно дорем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg