БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Месазад худро барои ин Ватан афсар кунем...

КУШОНИЁН. Баргузории вохӯрӣ бо мардуми ҳунарманди  деҳаи Кизилюлдузи  ҷамоати деҳоти Ориёнои ноҳия  бо  иштироки  раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён Сатторова Мунаввара ва раиси ҷамоати деҳоти Ориён Қурбонов Шуҳрат доир гардида, қайд карданд, ки дар руҳияи инсондӯстию меҳнатпарастӣ,  ҳунармандиву бунёдкорӣ, намоиши таомҳои миллӣ, созандагиву ободонӣ тарбия кардани насли наврас ва ҷалби бештари сайёҳон ба давлати азизамон-Тоҷикистон мо бояд диққати махсусро равона намудаем.

Ин иқдоми пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз як тараф аз нав эҳё намудани ҳунарҳои миллӣ бошад, аз ҷониби дигар тарбия намудани ҷавонон ва омӯзонидани касбу ҳунарҳои ниёгон ба онҳо мебошад, то ин ки ҳунарҳои аҷдодонамонро аз худ намуда, ба тамоми ҷаҳон муаррифӣ намоянд. Занони ҳунарманди ин деҳа пухтани чанд намуди хӯрокҳои миллиро нишон доданд, ки сифати олӣ доштанд.

Сатторова Мунаварра атрофи ҳодисаи фоҷиабору нангини гурӯҳи муташаккили ҷиноятпеша, ки бо фармоиши ТЭТ ҲНИ дар куштори 4 нафар сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара даст заданд, ҳарф зада, мардумро бори дигар аз хавфу хатарҳои ташкилотҳои террористиву экстремистӣ огоҳ намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg