ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар деҳаи Ғаллаободи ҷамоати деҳоти Ғаллаобод бо сокинон атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва ба истиқболи Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистону Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ вохӯрӣ доир гардид.





























