БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Туҳфа ба муносибати ҷашнҳои таърихӣ аз ҷониби узви ҷавони ҳизб

КӮЛОБ. Бахшида ба солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истифода додани агрегати нахустини НБО “Роғун” ва дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии  ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” ба муносибати ба истифода додани мағозаи фурӯши рангҳо ва нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар деҳаи Саричашмаи ҷамоати деҳоти Кӯлоб чорабинии фарҳангӣ-сиёсӣ доир карда шуд.

Зимни баргузории чорабинӣ узви  Раёсати Кумитаи иҷрояи шаҳрӣ ва вилоятии ҲХДТ, раиси шаҳри Кӯлоб Хайрулло Амонулло, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул ва дигар шахсони расмӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст, чорабиниро Валиева Саъбагул кушода, қайд кард, ки боиси хушбахтӣ ва сарфарозист, имрӯзҳо ки дар ҳама гӯшаву канори мамлакатамон шахсони саховатпеша ва ҳимматбаланд дар асоси ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки масъулияти баланди ватандорӣ баҳри зебову назаррабо гардонидани диёри худ саҳми арзишманди хешро гузошта истодаанд.

Сипас, раиси шаҳри Кӯлоб Хайрулло Амонулло суханронӣ карда, ҳозиринро ба муносибати ҷашнҳои таърихӣ табрик намгуфта, кушодашавии ин биноҳои мазкур ба рӯзҳое рост омаданд, ки мардуми сарбаланди тоҷик аз ҷашнҳои таърихӣ, аз ҷумла Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, солгарди Иҷлосияи 16-уми шонздаҳуми тақдирсоз ва рӯйдоди дигари муҳимми таърихӣ ин ҳам бошад ба кор андохтани чархаи аввали агрегати НБО “Роғун”-ро истиқбол гирифта истодаем. Аз ин рӯ изҳори боварӣ намуд, ки сафи чунин ҷавонмардони саховатпешаи меҳандӯст афзун мегарданд ва ободии диёри хеш саҳмгузорӣ менамоянд.

Бо роҳандозии намоиши фарҳангӣ аз ҷониби ҳунармандони шаҳри Кӯлоб чорабинӣ ба анҷом расид.

Бояд гуфт, ки яке аз ҷавонони бонангу номуси деҳаи Саричашмаи ҷамоати деҳоти Кӯлоб, узви фаъоли ҲХДТ, соҳибкор Нозимов Ғайратшо биноҳи нави замонавиро барои хизматрасонӣ ба мардум сохта ба истифода дода шудааст, ки аз тарафи роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо ифтихорнома қадрдонӣ карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg