БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

“Фуруғи нури раҳмонӣ” хонадони моро равшан кард

ЛЕВАКАНТ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар майдони марказии шаҳр бахшида ба 16-умин  солгарди Иҷлосия Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кушодашавии агрегати якуми НБО-и «Роғун» аксияи ҳизбӣ бо сокинони шаҳр  баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур мудири шуъбаи таблиғот, итиилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Валиев Суҳроб дар назди ҳозирин суханронӣ намуда, қайд кард, ки 16-уми ноябр барои ҳар як фарди тоҷики тоҷикистонӣ рӯзи таърихӣ ва ҳамчун рӯзи хотирмон ва фаромӯшнашаванда нақш гузоштааст.

Барпо гардидани Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби Камоли Хуҷанди бостонӣ дар таърихи мамлакат дигаргунии бузургеро ба амал овард. Вакилони мардумӣ вазъияти ҳассоси баамаломадаро  хуб дарк карда, Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуданд. Ин фарзанди барӯманди фарзонаи миллат масъулияти бузурги таърихиро ба души хеш гирифта, дар қадамҳои нахустини хеш дар ин вазифаи баланду олӣ барои таъмини сулҳу субот дар Тоҷикистон аз хеш фидокорӣ, мардонагӣ ва шуҷоату далерӣ нишон дод.

Воқеан таҷрибаи сулҳи миёни тоҷикон яке аз бузургтарин сабақҳои мактаби сиёсатмадорӣ ва давлатдории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ мавриди тадқиқу омӯзиш қарор гирифт.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg