БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинон чорабиниҳои ҳизбиро бо хушнудӣ пазируфтанд

ТЕМУРМАЛИК. Дар асоси ҷадвали вохӯрию мулоқотҳо  дар деҳаю маҳаллаҳои ноҳия дар деҳаи Боғтемури ҷамоати деҳоти ба номи Лақай Қармишеви ноҳияи Темурмалик вохӯрии навбатии  кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо сокинон  баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ раиси Куқмитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Раҷабзода Маҳмадсаид ва дигар шахсони даъватӣ  иштирок дошта,  доир ба самтҳои  афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, вобаста ба истифодадиҳии чархаи якуми Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  андешаронӣ намуданд.    

Доир ба суханронии раиси  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи  Темурмалик   Раҷабзода Маҳмадсаид вакили ҷамоат Сафаров Акрам вобаста ба сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғара, ки санаи 5 ноябри соли ҷорӣ  анҷом дода шуд, иброз андеша карда, ҳамагонро барои рушди соҳаи хоҷагидорию кишоварзӣ, вусъати кишту кори такрорӣ,  саҳм гузоштан  дар  таъмини амнияти  озуқаворӣ даъват намуд.

Сипас бо иштирок ҳунармандону кишоварзони  деҳа  намоишҳои ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти  кишоварзон ташкил  карда  шуд, ки аз ин намоишгоҳ иштирокдорон дидан намуданд.

Дар охир  Раҷабзода Маҳмадсаид ба ташкилкунандагони  намоиши ҳунарҳои мардумӣ изҳори миннатдорӣ баён намуда, дар деҳаи Боғтемур ташкилоти нави ибтидоӣ таъсис дода шуда, раиси он Набиев Худойдод  интихоб гардид.                                              

                                                                                                                                                                                                                                            

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg