БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои барномавии ҳизб мароми мост!

МӮЪМИНОБОД. Вохӯрии навбатии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ХҲДТ дар ноҳияи Мӯъминобод бо истиқоматкунандагони деҳаи Лангари ноҳия тибқи ҷадвали баргузории  хонишҳои сиёсӣ  дар ташкилоту муассисаҳо ва вохӯриву мулоқот дар деҳаву маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия дар деҳаи мазкур  вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гулсунбӣ Раҷабова иштирок дошта, сараввал оид ба сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмолмалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғара сана 05 ноябри соли равон, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ- ҳамчун ҳизби пешоҳанги ҷомеа, тарғиби урфу анъанаҳои миллӣ, чакандӯзӣ, гулдӯзӣ ва расидан ба қадри оромии кишвар ва Ваҳдати миллӣ андешаронӣ намуда, аз ҷамъомадагон барои иҷрои дастуру супориш ва ҳидоятҳои Пешвои миллат ҷиҳати вусъати кишти тирамоҳӣ, рушди корҳои хоҷагидорию кишоварзӣ, омодагиҳои ҳамаҷониба барои  зимистонгузаронӣ  ва дигар масъалаҳои  мубрами рӯз даъват ба амал овард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg