БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ сокинон фаъол гардиданд

ҲАМАДОНӢ. Дар деҳаи Сайроби ҷамоати деҳоти Панҷоб чорабинии фарҳангӣ-сиёсӣ ба муносибати эълон гардидани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо иштироки муовини раиси ноҳия Санифа Тағаймуродзода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Давлатҷон Ғаффорзода ва раиси ҷамоати деҳоти Панҷоб Т. Рафиев баргузор гардид.

Сараввал меҳмонон аз ҳунарҳои мрдумии сокинони деҳаи Сайроб аз наздик шинос шуданд.

Зимнан Санифа  Тағаймуродзода дар бораи Иҷлосияи таърихии тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар бораи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ кард.

Баъдан дар идома раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Давлатҷон  Ғаффорзода дар бораи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар бораи ба кор даромадани агрегати якуми НБО-и Роғун бо ҷамъомадагон  суҳбат намуд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ ҳунармандони филармонияи мардумии ба номи Одина Ҳошимов хотири ҷамъомадагонро хушу болида гардониданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg