БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Иҷлосияи 16-ум – Иҷлосияи тақдирсоз!

ХУРОСОН. Бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар маҳаллаи Ваҳдати ҷамоати деҳоти Фахробод бо сокинон  вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ  кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон иштирок дошта, дар назди ҷамъомадагон оид ба самтҳои афзадиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли рушди  сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ,  таърих ва моҳияи Парчами давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон,  кушодашавии агрегати Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, ки  рӯзҳои  наздик бо иштироки  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба фаъолият оғоз намуд, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқавории кишвар ва татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» андешаронӣ намуда,  ҳамагонро барои бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст кардани  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ,  боз ҳам сайқалдодани касбу ҳунарҳои мардумӣ, анҷоми  корҳои хайру сахо ва  корҳои созандагиву ободонӣ раҳнамоӣ карданд.  

Бояд гуфт, дар ин маҳалла ҳунармандони зиёд кору зиндагӣ доранд, ки маҳсули дасташон шуҳратёр гаштааст.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg