БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ оғози хушбахтиҳои миллати тоҷик буд

ПАНҶ. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и ноҳия бахшида ба 26-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба истифода додани агрегати якуми НБО “Роғун” хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур, кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, намояндагони  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, намояндагони ҷамоати деҳоти Меҳвар, аъзо ва фаъолони ҳизб дар маҳал иштирок намуданд.

Файзиев Каримҷон –раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия вохӯриро ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки барпо гардидани Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди бостонӣ дар таърихи мамлакат дигаргунии бузургеро ба амал овард. Вакилони мардумӣ вазъияти ҳассоси баамаломадаро хуб дарк сохта, Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуданд. Ин фарзанди барӯманди миллат масъулияти бузурги таърихиро ба души хеш гирифта, дар қадамҳои нахустинаш дар вазифаи баланду олӣ барои таъмини сулҳу субот дар Тоҷикистон фидокорию мардонагӣ ва шуҷоату далерӣ нишон дод.

Воқеан, ҳам Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумхурии Тоҷикистон воқеаи бузургест, ки дар таърихи навини Тоҷикистон беҳамтост ва иҷлосияи тақдирсоз ва наҷотбахш буда,  халқи тоҷикро аз оташи ҷанг наҷот бахшида, тақдири истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ҳаллу фасл намуд ва барои пойдории ваҳдати миллӣ ва истиқрори сулҳ дар сарзамини бостониамон, амалӣ намудани ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ пояи мустаҳкам гузошт.

Дар охир, аз иштирокдорон даъват ба амал оварда шуд, ки дар баробари таълими илму дониш ба тарбияи ахлоқиву маънавии наврасону ҷавонон аҳамияти ҷиддӣ диҳанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg