БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Матбуот чашму гӯши халқ аст

ҚУБОДИЁН. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Почтаи тоҷик” хониши сиёсӣ баргузор карда шуд.

Дар хониши сиёсӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён  Абдуллоев Ваҳобиддин  иштирок дошта, дар бораи ба фаъолияти оғоз намудани агрегати якуми НБО-и Роғун, ки  ташаббуси ватандӯстонаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, эълон гардидани соли 2018 дар кишвар ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ва  доир ба таърихи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ намуд.   

Инчунин, дар ин раванд мавсуф дар бораи  Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”ҳарф зада, моҳияибаргузории Аксияи ҳизбиро ба ҳамагон фаҳмонид.

Дар охир иштирокдорон  ҳадафҳои созандаи ҲХДТ-ро якдилона пазируфта, ваъда доданд, ки  минбаъд  он маблағҳое, ки дар ҷашну маросимҳои азодориу хурсандӣ  сарф  менамоянд, дар обод кардани гӯшае, дасти кӯмак дароз намудан ба шахсони эҳтиёҷманди ҷомеа ва таъмири роҳу пулҳои маҳали зист  харҷ хоҳанд кард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg