
ХОВАЛИНГ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг дар Маркази саломатии ноҳия оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ доир намуданд.
Дар хониши сиёсӣ мутахассиси шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Ш. Набиев ва дигар шахсони даъватӣ иштирок дошта, оид ба истифода додани агрегати аввали НБО Роғун, сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғара, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, ки яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мебошанд, андешаронӣ намуданд.
Рӯзи 12 ноябри соли 2018 бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар маркази саломатӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба истифода додани агрегати якуми НБО “Роғун” ҷамъомади тантанавӣ доир карда шуд.
Дар идомаи суҳбат масъулин бо ифтихор аз хизматҳои шоистаи Пешвои миллат ояндаи Тоҷикистонро боз ҳам дурахшон арзёбӣ карданд.
Дар ҳақиқат 16 ноябри соли 2018 рӯзи ба кор андохтани аввалин агрегати НБО “Роғун”, рӯзи расидани миллати тоҷик ба ормонҳои чандинсола дар китоби таърихи халқи тоҷик бо ҳарфҳои зарин сабт мегардад.