АНДЕША. Тоҷикистони биҳиштосои мо 30 сол мешавад, ки дар роҳи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст ва дар ин давра рукнҳои асосии давлатдории миллӣ мустаҳакам гардиданд ва бисёр давлатҳои тараққикардаи дунё бо кишвари мо робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ барқарор намудаанд. Имрӯз Тоҷикистон ва миллати тоҷикро ҷаҳон шинохтаву эътироф намудааст.