КӮЛОБ. Ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.04.2021, №101 “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иҷтимоиёт ва иқтисодиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022” корманди масъули ҳизбӣ Саъбугул Валиева аз рафти зимистонгузаронӣ аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дидан намуданд.
Дар аснои боздид маълум гардид, ки ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ барои зимистонгузаронии давраи тирамоҳу зимистони соли 2021-2022 омода буда, рафти фаъолияти зимистонгузаронӣ дар ҳама ташкилотҳо қаноатбахш ба роҳ монда шудааст.