АНДЕША. Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи муқаррароти банди якуми моддаи яки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, дунявӣ ва ягона мебошад.
Дар ин моддаи Конститутсия мавҷуд будани калимаи “демократӣ” имкон фароҳам меоварад, ки дар ҷумҳурӣ аҳзоби гуногуни сиёсӣ таъсис ёфта, фаъолият намоянд, вале бояд фаъолияти онҳо ба талаботи Конститутсия ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ” мутобиқ ва мувофиқ бошад.
Дар айёми бисёр ҳассос-замоне, ки кишвари мо дар оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ месӯхт ва мардум интизори паёми сулҳ буданд, зарурати таъсис додани ҳизби сиёсие пеш омад, ки бояд фарогирии назару андешаҳои гурӯҳҳои мухталифи ҷомеа бошад ва мардумро дар меҳвари як мафкураи созанда муттаҳид намуда, ба мухолифату даргириҳои фоҷиабори сиёсӣ хотима бахшад, ки чунин ҳизб Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пазируфта шуд.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зодаи истиқлолият буда, аз ҷониби Пешвои миллати маҳбуби мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 10-уми декабри соли 1994 таъсис ёфтааст.
Имсо аз таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 27-сол сипарӣ мегардад. Бисту ҳафт соли талошу муборизаҳо дар таҳкими давлатдории навини миллӣ, яъне Тоҷикистони соҳибистиқлол далели он аст, ки Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар хизмати мардум аст. Зеро Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон аз иродаи мардуми шарифи Тоҷикистон маншаъ гирифта, ҳамчун ниҳоди боэътимоди мардумӣ ба арсаи сиёсати кишварамон ворид шуд ва дар ин муддат барои хомӯш кардани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва аркони давлатдорӣ саҳми сазовор гузоштааст.
Тавре маълум аст, мақсади ниҳоии ҳар ҳизби сиёсӣ ба сари қудрат омадан ва ба даст гирифтани зимоми давлатдорӣ мебошад ва хушбахтона, аз соли 1994 инҷониб ҲХДТ ҳизби парлумонӣ ва ҳизби пирӯз буда, намояндагони ин ҳизб давлатро идора мекунанд.
Дар охири асри ХХ ва оғози асри ХХI инсоният шоҳиди рӯйдодҳои ҳайратовари ҷаҳони пуртаззод гардида, раванди тарҳи сиёсию иқтисодии сайёра рӯ ба дигаргуниҳои инқилобӣ овард. Давлатҳои абарқудрат барои ба даст овардани боигарии табиӣ ин ё он кишварҳои рӯ ба истиқлолият ниҳода, харисона назар андохта, хостори ба даст овардани ҳассосу тақдирсоз Ҷумҳурии Тоҷикистонро низ ба доми даргириҳо кашиданд, кишварро ба доми марг оварданӣ буданд, хушбахтона Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар чунин лаҳзаҳо ба майдони сиёсат ворид гардид. Дар тӯли солҳои мавҷудияти худ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо Сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки дар тамоми соҳаҳо гомҳои устувор гузорад. Бузургтарин дастовард ин пеш аз ҳама ба сулҳу ваҳдат овардани мардумони манотиқи гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор мерафт, ки аз уҳдаи ин кори басо муҳим сарбаландона баромада тавонистанд. Ҳамчунин, ҳисси худшиносии миллиро дар байни ҷавонон ривоҷу равнақ дода, онро ба як мактаби бузурги тарбиявӣ ташаккул дод.
Дар асоси принсипҳои сиёсати давлатӣ ва ҳадафҳои интихобкардаи худ ҳизб барномаи нави пешазинтихоботии худро таҳия карда, ба аҳли ҷомеа пешниҳод менамояд, ки аз тадбирҳои зайл иборатанд.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бори дигар садоқати худро ба соҳибистиқлолии кишвар ва таъмини амнияти ҷомеаи Тоҷикистон таъкид намуда, изҳор медорад, ки дар доираи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои кишвар ва санадҳои ҳуқуқии байналмиллалӣ минбаъд низ саъю кӯшиши худро ба эътирофу риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, моликияти моддиву маънавии онҳо, эҳтиром ба дину оин, дахлнопазирии шахс ва расму анъанаҳои миллии кулли сокинони мамлакат равона месозад.
Табиист, ки Барномаи ҲХДТ ба ҳайси Барномаи давлатӣ пазируфта шудааст ва ин барнома сол то сол такмил ёфта, пурратар гашта, ҳамаи соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро дар бар мегирад. Боиси зикр аст, ки таҳкми раванди демократӣ рушди устувори демократия, баланд бардоштани самараи низоми идораи давлатӣ, такмили қонунгузорӣ, худидоракунии самарабахш дар маҳал, озодии сухан дар воситаҳои ахбори омма, мубориза ба муқобили коррупсия, ривоҷи соҳибкории хурду миёна, сиёсати сармоягузорӣ, раҳоӣ аз вобастагии иқтисодӣ, низоми самарбахши иҷтимоӣ, оилаи мустаҳкаму зиндагии шоиста, таъмини дастрасии мардум ба хизматрасонии сифатноки тиббӣ, беҳтар кардани ҳифзи муҳити зист, кушодани ҷойҳои нави корӣ, беҳтар кардани кори илму маориф, рушди фарҳанг, такя ба ҷавонон, сиёсати кадрҳо, рушди сиёсати байналмиллалӣ ва сиёсати мудофиавии Тоҷикистон маҳаки асосии Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар бар мегирад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро имрӯз ҳизби халқию мардумӣ низ ном мебаранд. Ҷонибдории аксарияти кулли интихобкунандагон дар интихоботҳои солҳои 2019-1994, 2019-1999, 2006, 2013 ва 2020-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоботҳои солҳои 2000, 2005, 2010, 2015 ва 2020-и Маҷлиси Олӣ ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ шаҳодат ва исботи бечуну чарои маҳбубияти ин ҳизб дар байни мардум аст.
Дар ду соли охир соҳиби биноҳои корӣ ва автомабилҳои хизматӣ гаштани Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳо бори дигар баёнгари рӯз то рӯз пурқувват гаштани ҲХДТ мебошад. Мо пешрафти минбаъда ба як ҳизби бонуфузтарини ҷаҳонӣ табдил ёфтани ҲХДТ зери роҳбарии Раиси муаззамаш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эътимоду боварӣ дорем.
Назарзода Алӣ Исмон, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фархор