ВОКУНИШ. Воқеаҳое, ки моҳи гузашта дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба амал омад ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои зиёдеро ба бор овард, хушбахтона бо якдигарфаҳмӣ паси сар шуд. Аммо он рӯсиёҳоне, ки мехостанд ин қазияро тобиши сиёсӣ дода, дар байни мардуми тоҷик тухми кинаву адоватро кошта ба оташ равған пошанд, ба мақсади нопоки худ нарасиданд.