ВОКУНИШ. Воқеаҳое, ки моҳи гузашта дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба амал омад ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои зиёдеро ба бор овард, хушбахтона бо якдигарфаҳмӣ паси сар шуд. Аммо он рӯсиёҳоне, ки мехостанд ин қазияро тобиши сиёсӣ дода, дар байни мардуми тоҷик тухми кинаву адоватро кошта ба оташ равған пошанд, ба мақсади нопоки худ нарасиданд. Маъмулан ҳар он чизе, ки ба амал меояд, хоҳ сиёсӣ, хоҳ табиӣ бошад, мухолифони миллат думболи сабабгору омили он қазия гашта, бо “Тим” - и худ якҷоя мехоҳанд бо фолкушоӣ ва ҳадсу ловагӯиҳои дилсӯзона худро дар назди мардум нишон диҳанд. На танҳо мардуми сарбаланди Бадахшон, балки сокинони тамоми манотиқи кишвар медонанд, ки ҳадафи нопоки эшон ба манфиати халқу миллат набуда, танҳо афрӯхтани оташи дигарбораи кинаву адовати байниҳамдигарист.
Воқеаҳои нангине, ки солҳои навадуми асри гузашта бар сари ин миллати тамаддунофар омада буд, ҳеҷ гоҳ аз лавҳи хотираҳо пок нахоҳад шуд. Мардуми сарбаланди мо аллакай дар қиёс ба гузаштаи худ метавонанд дӯстро аз душман ба хубӣ бишносанду мӯйро аз хамир ҷудо намоянд. Бод додани оташе, ки дар он кинаю адоват бошад оқибат сару рӯйи фитнаангез ва худи боддиҳандаро хоҳад сӯхту сиёҳ кард. Ин воқеае, ки аз сари мардуми мо гузашт, бори дигар исбот намуд, ки ҳеҷ қуввае наметавонад миллати моро ба раҳгумӣ андозад ва мо ба дасисаю фитнаҳои хориҷиён дода нахоҳем шуд. Пуштибонӣ аз ҷинояткор ва қаҳрамонтарошӣ аз афроди ҷиноятпеша яке аз шеваҳои хоси душманони миллат буда, ҳамеша кӯшиш мекунанд тамоми дастовардҳои ин миллату давлатро, ки дар замони осоиштагӣ ва дар муддати начандон тулонии таърихӣ, ҳамагӣ дар ду даҳсолаи соҳибистиқлолӣ ба даст омадааст нодида бигиранд.
Сиёсати имрӯзаи ҳукумати кишвар бо роҳандозии чораҳои амалӣ ва гуногунсамт боиси он гардид, ки маҳалгароию миллатчигӣ дигар дар байни мо вуҷуд дошта наметавонад. Пеш аз ҳама кушодани донишгоҳу донишкадаҳои дар ҳар гӯшаву канори кишвар фаъолияткунанда, ки донишҷӯён аз минтақаҳои мухталифи кишвар дар онҳо ба донишандӯзӣ фаро гирифта шудаанд, таъсис додани “Квотаҳои Президентӣ”, кушодани шоҳроҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ дошта ва ба монанди ҳамин чандин мисолҳоеро овардан мумкин аст, ки мо ҳамиллатонро пайванди ногусастани бахшид. Мо имрӯз аз урфу одат, расму оин, дину мазҳаб, фарҳангу маданияти тамоми манотиқи кишвар огаҳем, ҳамдигарро мешиносем ва дар ҳамин баробар қабул дорем. Насли наврас имрӯз дар руҳияи хештансиносию ватандустӣ тарбия гирифта истодааст. Ва ҳеҷ қуввае наметавонад моро дигарбора даст ба гиребони ҳамдигар кунад. Он чизе, ки имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷараён дорад сафсатае беш намебошад. Миллати сарбаланди мо алакай роҳи худро, сиёсати худро бо Пешвои сулҳовари худ интихоб намудааст.
Бо Пешвои миллат, барои ояндаи дурахшон, бо гомҳои устувор, Тоҷикистон ба пеш!
А. Яқубов, мудири шуъбаи таблиғоти КИ ҲХДТ дар н. Балҷувон