Н.ХУСРАВ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав бо мақсади пешгирӣ ва паҳншавии мавҷи нави бемории коронавирус корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни сокинони маҳаллаҳо ва деҳаҳои ноҳия ҳамарӯза бо маром идома дода истодаанд.
Ин навбат вобаста ба масъалаи мазкур бо сокинони деҳаи Гулзори ҷамоати деҳоти Фирӯза суҳбатҳои сарироҳӣ баргузор намуда, корҳои фаҳмондадиҳиро оид ба пешгирии сироятёбӣ ба бемории коронавирус суҳбату вохӯриҳо баргузор намуда, таъкид карданд, ки яке аз омили асосии пешгирии ин беморӣ безараргардонии макони зист, риояи қоидаҳои бехатарии беҳдошт, мунтазам шустани дастон бо собун ва ё маҳлулҳои спиртдор, истифодаи ниқоб ва риояи фосила ба шумор меравад.