БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСҲОИ ҲИСОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ

ЛЕВАКАНТ.  Бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант маҷлиси ҷамъбастӣ оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии рӯзномаи "Нури Сарбанд"-и шаҳр баргузор гардид.

Дар маҷлис ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии рӯзномаи "Нури Сарбанд" Ашӯров Орзу оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар соли 2021 шунида шуда, дар ин хусус қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Баъдан, намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар назди иштирокчиён вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, аъзошавии нафарони бомасъулият ба сафи ҳизб, дастовардҳои даврони Истиқлол, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва дуруст ба роҳ мондани ҳуҷҷатдории ташкилоти ибтидоӣ суханронӣ кард.

Дар охири маҷлис аз иштирокдорон даъват ба амал оварда шуд, ки ба фаъолияти ҳизбии ташкилоти ибтидоӣ диққати ҷиддӣ дода, дар корҳои ободониву созандагӣ, аксияҳои ҳизбӣ фаъолона иштирок намоянд ва баҳри сарсабзию гулгулшукуфии меҳани маҳбуб саҳми сазовор бигузоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg