ФАРХОР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Маркази бемориҳои сил " маҷлиси ҷамъбастӣ баргузор гардид.
Дар маҷлис ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии мазкур Назарзода Шуҳрат дар бораи натиҷаи фаъолияти ташкилоти ибтидоии "Маркази бемориҳои сил" дар соли 2020” шунида шуда, қарорҳои дахлдор тасдиқ карда шуд.
Ҳамзамон, намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар масъалаи ҳаракати аъзои ҳизб, сарфакорона истифодабарии нерӯи барқ ва истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ баромад намуданд.